ДОНИШҶӮЁН СОҲИБИ ЛИБОСИ ЯГОНА МЕГАРДАНД?

Январь 10, 2011 15:45

   Душанбе, 10 январ. ( АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин) .- Имрӯзҳо дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо пиромуни лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баҳсу мунозираҳо идома дорад. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, муҳокимаҳо аз ҳамдигар фарқ доранд. Чанд рӯз аст, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баррасии қонуни мазкур сурат мегирад ва устодону кормандони донишгоҳ як қатор пешниҳоду таклифҳои худро барои пурра намудани ин қонун баён менамоянд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки бояд дар лоиҳа масъалаи ҳатмӣ будани либоси ягона барои донишҷӯён ворид шавад ва волидайн муваззаф шаванд, ки барои фарзандони худ ин гуна либосҳоро муҳайё намоянд.    Бино ба гуфти ректори ДМТ Нуриддин Саидов инсон дар ҳар марҳилаи умр ба таълиму тарбия ниёз дорад ва маҳз маҳсули тарбия аст, ки одамӣ аз дигар махлуқот тафовут дорад. 

Январь 10, 2011 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад