Э. РАҲМОН: «ФАРҲАНГ — БАХШИ МУҲИМИ ҲАЁТИ ҶОМЕА»

Январь 19, 2011 09:26

  Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- «Фарҳанг яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти ҷомеа буда, дар фаъолият ва зиндагии ҳаррӯзаи ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ нақши бағоят муҳим дорад», — тазаккур дод Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷамъбасти ҷаласаи васеи Ҳукумати мамлакат 18 январи соли ҷорӣ.    Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар ин давраи тақдирсоз рӯ овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи бисёр муассир ва созанда мебошад.    Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад.    Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло зиёда аз ду ҳазор ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки барои ҳифзу тармими онҳо Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад.    Сарвари давлат Вазорати фарҳанг ва ҳамаи сохтору мақомоти дахлдори кишвар, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро муаззаф намуд, ки бо истифода аз шароити муҳайёкардаи давлату Ҳукумат, инчунин бо истифода аз маблағҳои озод ва ҷалби имкониятҳои соҳибкорону шахсони баландҳиммат дар самти таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ ва дигар иншооти фарҳангӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва ҷаҳонбинии фарҳангии мардум, бахусус наврасону ҷавонон, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Январь 19, 2011 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад