Э. РАҲМОН: «ТАРБИЯИ ҶАВОНОН – ВАЗИФАИ ҶОНИИ ТАМОМИ ҶОМЕА»

Январь 19, 2011 11:43

Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — «Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумат масъалаи ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати онҳо мақоми махсус дорад. Ба туфайли ғамхории бевоситаи Ҳукумати кишвар низоми хоси дар дохил ва хориҷ ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон ташкил ёфтааст», — омадааст дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон, ки 17 ва 18 январи соли ҷорӣ доир гардид. Дар суханронӣ таъкид шудааст, ки ҳар сол аз ҳисоби фонди Президенти мамлакат, инчунин тавассути стипендияҳои байналмилалӣ ба хориҷи кишвар садҳо нафар ҷавонон барои таҳсил фиристода мешаванд. Ҳангоми интихоб ва ба хориҷа фиристодани ҷавонон бояд ихтисосҳое ба назар гирифта шаванд, ки Тоҷикистон ба онҳо эҳтиёҷ дорад. Ғайр аз ин, ҷавононе, ки таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамолики хориҷӣ тибқи квота хатм карда, ба Ватан бармегарданд, бояд бо ҷои кор таъмин карда шаванд ва дар ин масъала пеш аз ҳама, бояд дар назар дошт, ки ҷавонони мо бар асари таҳаввулоти азими иқтисодӣ ва иттилоотиву фарҳангии глобалӣ аз лиҳози ҷаҳонбинӣ, рӯҳия ва фарҳанги рӯзгор бо суръати тез дигар шуда истодаанд ва ин падида ҳангоми таҳияи барномаи нави давлатӣ оид ба ҷавонон бояд ба эътибор гирифта шавад. «Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ, тарғиби онҳо ба илму касбомӯзӣ, тарзи ҳаёти солим вазифаи ҷонии натанҳо падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон, балки тамоми ҷомеа мебошад», — гуфта мешад дар Суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Январь 19, 2011 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад