Э. РАҲМОН: ТО ҲОЛ МАЪЛУМОТИ ОМОРӢ ҚАНОАТБАХШ НЕСТ

Январь 19, 2011 14:26

    Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «То ҳанўз ҳамоҳангсозии самарабахш байни дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, буҷетиву андозӣ ва пулию қарзӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Илова бар ин, то ба ҳол маълумоти оморӣ доир ба ҳолати воқеии рушди иқтисодии мамлакат моро қаноатманд карда наметавонад», — иброз дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2010-ум ва вазифаҳо барои соли 2011.   Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин афзуд, ки омилҳои зикргардида ва дигар монеаҳо иҷрои саривақтӣ ва самараноки барномаҳои кўтоҳмуддат ва дарозмўҳлати рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро мушкил мегардонанд.    Аз ин рў, Сарвари давлат ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дод, ки вазъи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишварро дар асоси равандҳои рушди иқтисоди ҷаҳониву минтақавӣ мунтазам таҳлил намуда, пешниҳоди худро доир ба ислоҳи камбудиҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ҳар семоҳа ба Ҳукумати Тоҷикистон манзур намояд.    Бо мақсади сари вақт ва пурра амалӣ сохтани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияҳои миёнамўҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2011 Нақшаи чорабиниҳои якҷояро дар доираи изҳороти муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои мушаххаси стратегӣ ҷиҳати сафарбар намудани маблағҳои иловагии зарурӣ омода намояд.      

Январь 19, 2011 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад