ЭЙ СОРБОН ОҲИСТА РОН
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Ҳафтаи гузашта дар ҷумҳурӣ 30 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 15 нафар ҳалок ва 26 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 21 январ дар ноҳияи Бохтар ронандаи автомашинаи тамғаи «Камаз», рақами давлатиаш 4013УЕ (аскари қатории қисми низомии 93867-и ФР) Игор Гордиев ҳангоми ҳаракат ба муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи «Дайво- Сиело»- ронандааш Аҳмадҷон Абдулҳаев бархӯрда ба ҷарӣ меравад. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Камаз» ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар госпитали низомӣ бистарӣ гардид ва се нафар мусофирони автомашинаи «Дайво- Сиело» дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






