ЭНСИКЛОПЕДИЯИ ҶАШНҲО

Январь 25, 2011 17:22

    Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Бахшида ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии таъсисёбии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон энсиклопедияи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон нашр мегардад», гуфт ба ҷамъи хабарнигорон Ректори донишкадаи мазкур Нозимҷон Нидоев.    Интизор меравад, ки дар энсиклопедия тамоми паҳлӯҳои фаъолияти ин даргоҳи илму маърифат, дастоварду комёбиҳои он дар тӯли 15-соли фаъолият гирд оварда мешавад.   Нозимҷон Нидоев афзуд, ки Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии мамлакат буда, дар омода намудани мутахассиони баландихтисос мақоми шоиста касб кардааст. Дастпарварони донишкада дар тамоми мақомоту сохторҳои давлатию хусусӣ фаъолият доранд. Алҳол дар донишкада беш аз 5 ҳазор донишҷӯён дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар 4 факултаи донишкада аз рӯи 22 ихтисос мутахассис тайёр мешавад.

Январь 25, 2011 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд