ФАРҲАНГИ РӮЗНОМАФУРӮШИРО БОЯД ОМӮХТ

Январь 26, 2011 15:42

   Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯзҳо аз ҷониби кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои пойтахт чорабиниҳо барои ба низом даровардани савдои кӯчагӣ идома доранд.    Шавкат Саидов- сухангӯи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ин тадбир амалест, ки масъулин ҷиҳати иҷрои вазифаҳои таъинотӣ тибқи талаботи қарорҳои марбутаи дар ин самт ба тасвибрасидаи Раиси шаҳри Душанбе ба иҷро мерасонанд. Мавсуф афзуд, ки дилхоҳ фаъолияти соҳибкорӣ дар марзи маъмурии шаҳр дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ бо риояи меъёрҳои санитариву бехатарӣ роҳандозӣ мегардад ва амали хилофи он пазируфта нахоҳад шуд.    Алҳол, аз ҷониби шаҳрдорӣ дар тамоми 7 гузаргоҳи зеризаминӣ, мағозаи ихтисосии «Олами интишорот», дар таҳхона ва ошёнаи якуми Маҷмааи манзилии «Пойтахт 80», 23 мағозаи китобфурӯшӣ ва дигар марказҳои савдою супермаркетҳо нуқтаҳои махсус барои савдои рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ тахассус дода шудаанд.    Муассисони рӯзномаҳо имкон доранд дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони иншооти зикргардида фурӯши доимии рӯзномаҳояшонро таъмин созанд. Инчунин, шаҳрдорӣ барои фаъолияти паҳнкунандагони рӯзномаҳо дар нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бидуни дар рӯи замин фурӯхтани рӯзномаҳо иҷозат дода, ҳамзамон муваззаф намудааст, ки паҳнкунандагон фаъолияти мазкурро танҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои санитарӣ амалӣ намоянд.

Январь 26, 2011 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд