ФАРОВОНИИ НАМАКИ ОШӢ ДАР ВОСЕЪ

Январь 21, 2011 09:33

    Восеъ, 21 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Восеъ нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорони ВАО баргузор гашт. Султон Валиев раиси ноҳия аз натиҷаи ҷамъбасти яксолаи тараққиёти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия маълумот дода гуфт, ки нақшаи даромади буҷа дар соли 2010 – ум 100, 5 фоиз таъмин гардид. Ба гуфти манбаъ ба буҷа 9411,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, нақшаи пардохтҳои ҳатмии ҳифзи иҷтимоӣ 111,7 фоиз таъмин гардид.    Инчунин дар нишаст зикр гардид, ки кормандони соҳаи саноати ноҳия дар ин давра ба маблағи 72308 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2009 – ум 5109,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар соли сипаригардида дар ноҳия 4680 тонна пахта, 210 тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 14600 тонна орд, 601,8 тонна равғани растанӣ, 28030 тонна намаки ошӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум истеҳсол шудааст.

Январь 21, 2011 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад