ГИРОМИДОШТИ ОЛИМ ВА РОВИИ ТАВОНО
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Шодравон Абдулқодир Маниёзов, яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ буданд, ки бо асарҳои илмӣ ва садою гуфтори форами худ дар густариши илму фарҳанги тоҷик ва муаррифии он ба ҷомеаи форсизабонони дунё аз худ мақоми шоиста гузоштааст», гуфт зимни суханронияш Кароматулло Олимов директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар маҳфили гиромидошти донишманди варзида, ки 14 январ дар Душанбе баргузор шуд. Маҳфили гиромидошти олим ва забоншиноси маъруф бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он олимону фарҳангиёни тоҷик ва донишмандони эронӣ ҳузур доштанд. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, донишмандону забоншиносони маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ, Додихудо Саймиддинов, Сайфиддин Назарзода ва аҳли байти равоншод роҷеъ ба роҳи тайкардаи олим, ҳаёту фаъолият ва нақши ӯ дар ташаккули забон ва адабиёти тоҷик сухан карданд. Олими тавонои тоҷик зодаи Конибодом буда, дар соли 1930 ба дунё омадааст. А. Маниёзов дар тӯли умри пурбаракати худ дар густариши илму фарҳанги тоҷикон ва муаррифии он ба форсизабонон корҳои наҷибро ба анҷом расондааст. Ин аст, ки олими тоҷик узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон гардидааст. Хизматҳои шоистаи А. Маниёзов дар рушди илму фарҳанг ва пешбурди ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон бо орденҳои Шараф, Нишони Истиқлол ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадр шудаанд. Дар маҳфили гиромидошт китоби «Ёди ёри меҳрубон», ки зери назари Сафири Эрон дар Душанбе Алиасғари Шеърдӯст нашр шудааст, муаррифӣ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






