ГИРОМИДОШТИ СОБИҚАДОРОН ВА КОРМАНДОНИ АҚИБГОҲ
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мутобиқи қарори раиси вилояти Суғд аз 1 январи соли 2011 ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон (ба ғайр аз иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ) ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, 20 сомонӣ ба ҳар яке дар як моҳ кӯмакпулӣ дода мешавад. Ба Сарраёсати ҳифзи иҷтимоии вилоят супориш дода шудааст, ки бо ин мақсад 96 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намояд. Тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи шаҳру ноҳияҳо теъдоди чунин ашхос дар вилояти Суғд 400 нафарро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки қарори мазкур бо назардошти хизматҳои ҳарбии бенуқсон ва меҳнати шоиста дар солҳои ҷанг ва ақибгоҳ, бахшида ба 66 – солагии Иди Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






