ГУРӮҲИ ГЕРОИНБАР ДАСТГИР ГАРДИД

Январь 7, 2011 15:35

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар натиҷаи гузаронидани  амалиёти бобарор кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хадамоти гумруки  вилоят    гурӯҳи  ҷиноятпешагонро дастгир намуданд. Ин гурӯҳ мехостанд миқдори калони маводи  нашъаовари героини афғониро ба Федератсияи Русия интиқол диҳанд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти  Агентии назорати  маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти амалиёт ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуд, ки аз онҳо ду бастаи селофании дорои  хокаи сафедчатоби  бӯйи махсусдошта мусодира гардид.  Баъди ташхис маълум гардид, ки  дар халта   5 кг героин мавҷуд будааст. Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ. 4 банди «Д» (ғайриқонунӣ нигоҳ доштани меъёри калони маводи мухаддир) кушода шуда, тафтиш идома дорад.

Январь 7, 2011 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад