Х. МИРЗОЕВ: «ТАРБИЯИ ФАРЗАНД-ПЕШ АЗ ҲАМА МАНФИАТИ ПАДАРУ МОДАР»

Январь 28, 2011 11:59

    Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муҳокима гардид. Дар ҷаласа мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Хурсандмурод Мирзоев, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Субҳон Кошонов, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерган Шабозов ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок ва мулоҳизаронӣ карданд.    Котиби Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов ҷаласаро кушода, роҷеъ ба моҳият ва ҳадафҳои қабули қонуни мазкур ва муҳимияти баррасии он аз ҷониби аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ андешаҳояшро баён намуд.    Яке аз муаллифони асосии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳуқуқшиноси варзида Хурсандмурод Мирзоев роҷеъ ба аҳамияти қабули қонун, бартарии он дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар баробари давлат масъул будани падару модар ва ҷомеа ибрози андеша карда, тазаккур дод, ки на ҳар як лоиҳаи қонун ба муҳокимаи умумии ҷомеа пешкаш мегардад. Азбаски, ин лоиҳа хеле муҳим ва қабули он саривақтист аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба муҳокимаи ҷомеа пешниҳод шуд. Чунин қонун то ҳол дар ягон давлат қабул нашудааст ва ин қонун хусусияти миллӣ дорад.    «Бояд махсус таъкид намуд, ки тарбияи фарзанд пеш аз ҳама манфиати ояндаи падару модар аст, зеро фарзанди тарбиятдида ҳам ифтихору сарбаландӣ ва ҳам дастёру номбардори падару модар мебошад», — мӯътақид аст Х. Мирзоев.     Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуда, фикру андешаҳои хешро пешкаш карданд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки масъулияти сохторҳои давлатӣ низ дар самти пешгирии даст задании наврасону ҷавонон ба корҳои ношоиста ва дур аз ахлоқӣ миллӣ пурзӯртар карда шавад.  

Январь 28, 2011 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд