ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ НАФАҚАИ МАЪЮБӢ МЕГИРАНД
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар вазорати молия 56 нафар ва дар вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ 54 нафар хизматчиёни давлатӣ нафақаи маъюбӣ мегиранд. Мутобиқи баъзе маълумот ин нафақахӯрон ғайриқонунӣ ҳуҷҷат тартиб дода, бо истифода аз мавқеи ишғолкардаи худ нафақаи калонҳаҷм мегиранд. Сарвари давлат ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ин масъаларо ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод намоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






