ИҶРОИ ҚОНУН ТОҶИКОНРО САРВАТМАНД МЕКУНАД?

Январь 14, 2011 13:58

  Душанбе, 14 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» агар аз ҳисоби сарфаю сариштакорӣ дар соли 2007 теъдоди мошинҳои шахсии харидаи шаҳрвандони кишвар 40 000 бошад, дар соли 2008 ин теъдод ба 100 000 адад мошин расидааст.  Назар ба иттилои Раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов дар соли 2010 маблағе, ки шаҳрвандон ба 150 ҳазору 570 маърака хароҷот намудаанд, беш аз 400 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ дар солҳои 2007-2009 дар доираи қонуни танзим 3- 4 миллиард сомонӣ ва аз давраи қабул шуданаш беш аз 5 миллиард сомонӣ ба кишвар фоида овардааст.  Ҳамзамон, Абдураҳим Холиқов афзуд, ки тибқи таҳлилҳо дар давоми солҳои 2009-2010 –ум, ки 22 ҳазор гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон тақсим гардид, агар ба ҳисоби хона гирем, шаҳрвандон 220 ҳазор манзили истиқоматӣ сохтаанд. Яъне, беҳбудии вазъи рӯзгори сокинони кишвар аз ҳисоби ба танзим даровардан ва камхарҷ гузаронидани маъракаҳо натиҷаи дилхоҳ додааст.   Мавриди зикр аст, ки бо қабули қонуни танзим дигар дар Тоҷикистон тӯйҳои дабдабанок бо ҳузури 2 ҳазор нафар меҳмонон гузаронида намешавад ва қонун ба беҳдошт ва баланд бардоштани сатҳи рӯзгори ҷомеаи Тоҷикистон таъсири мусбӣ расонидааст.  Ба андешаи А. Холиқов ҳанӯз ҳам дар ин масъала қонуншиканиҳо ба чашм мерасанд, ки ҷиҳати ҷилавгирии он Кумита оид ба корҳои дин тадбирҳои мушаххас меандешад. Баргузории ду маърака дар хонаи домод ва истифодаи теъдоди зиёди мошинҳо дар тӯйҳои арӯсӣ ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасад.

Январь 14, 2011 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд