ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗ- 118%

Январь 22, 2011 09:37

    Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- «Дар соли 2010 нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 111,8% таъмин гардид ва ба ҷойи 2 643 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 2 955 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 312 млн. сомонӣ зиёд аст», — иброз дошт ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов.     Мавсуф афзуд, ки воридоти маблағҳо дар соли 2010 нисбат ба маблағҳои дар соли 2009 воқеан ҷамъоварӣ гардида ба андозаи 676 млн. сомонӣ ё худ 30% зиёд мебошад ва вазни қиёсии воридоти андозҳои дохила дар соли 2010 нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохила 12 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли 2009 ба андозаи 0,9 фоиз зиёд гардидааст.     Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 105% таъмин гардида, ба буҷет 567 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 27 млн. сомонӣ зиёд аст.Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар соли 2010 дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин шуд.     Кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010»-ро барзиёд иҷро намоянд, раванди маъмурикунонии андозро содда гардонанд, қонунгузории андозро такмил диҳанд, дар партави дастурҳои Сарвари давлат корҳои тавзеҳотӣ ва фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд, самаранокии фаъолияти соҳаро афзун намоянд,- гуфт дар охир Н. Давлатов.

Январь 22, 2011 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад