ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРҲОИ НАВ

Январь 20, 2011 16:33

    Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Ҷиҳати иҷрои парвозҳои мунтазам ба Арабистони Саудӣ байни мақомоти ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ва созишнома оид ба равобити ҳавоӣ ба тасвиб расид, ки дар асоси санадҳои мазкур ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» барои парвоз ба шаҳрҳои Ҷидда, Ар-риёд ва Даммам иҷоза гирифт, чунин итиллоъ дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ муовини аввали директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Валерий Шарипов.     В.Шарипов ҳамчунин зикр намуд, ки дар давоми соли 2010-ум Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Тоҷик Эйр» 3148 парвоз анҷом додааст. Дар хатсайрҳои байналмилалӣ аз фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ ба 8 шаҳри Федератсияи Россия (Москва, Санк-Петербург, Екатеринбург, Сочи, Сургут, Самара, Новосибирск, Иркутск), ҳамчунин Бишкек, Алма-ато, Киев, Теҳрон, Урумчи ва Шарҷа, дар хатсайрҳои дохилӣ ҳамарӯза парвозҳои мунтазам ба шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ сурат гирифт. Ояндаи наздик тасмим аст ба шаҳри Симферополи Украина, Ашхобод, Қарочӣ ва Кобул парвозҳо ба роҳ монда шаванд,- гуфт дар хотима В.Шарипов. 

Январь 20, 2011 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд