ИХТИРОЪГАРИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚӢ

Январь 28, 2011 16:26

  Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Устоди кафедраи «нархмуайянкунӣ ва суғурта»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Насриддин Шарофов бо ихтирооти худ — «Нерӯгоҳи хурди барқи обии дарғот» ва «Нерӯгоҳи барқӣ- газӣ» ғолиби озмуни «Устоди эҷодкор» гардид.   Дар ин бора ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Нозимҷон Нидоев дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе иттилоъ дод. Озмуни мазкур дар доираи «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» ва мавзӯи «Нақши фарҳанги техникӣ дар ташаккули тафаккур» гузаронида шуд.     Мавриди зикр аст, ки Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, ки соли равон аз таъсисёбиаш 15 сол сипарӣ мегардад, яке аз муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар ин даргоҳ беш аз 5 ҳазор донишҷӯён дар бахшҳои рӯзона ва ғоибона аз рӯи 22 ихтисос таҳсил менамоянд. Низоми таҳсил дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон шартномавӣ буда, гурӯҳҳои буҷетӣ ва квотавӣ вуҷуд надоранд.

Январь 28, 2011 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад