ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Дар соли 2010 аз ҷониби кормандани муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 950 кори илмӣ, аз ҷумла 23 монография, 67 китоб, 9 маҷмӯаи мақолаҳо, 4 китобча, 15 дастури таълимӣ, 2 китоб-албом ва беш аз 850 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ нашр гардид, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Президенти Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов. Дар соли 2010 9 нафар аспиранти АИ ҶТ сазовори стипендияи Президенти ҶТ гардиданд.Дар Шӯрои диссертатсионии АИ ҶТ дар соли 2010 62 рисола, аз ҷумла 14 рисолаи докторӣ ва 48 рисолаи номзадӣ дифоъ шудааст, гуфт Мамадшо Илолов. Мавриди зикр аст, ки натиҷаи таҳқиқоти илмии олимони таърихшинос, файласуф, адабиётшинос, забоншинос, шарқшинос, ҳуқуқшинос ва олимони дигар соҳаҳои илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарии Академияи илмҳо дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ахлоқиву ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар нақши калон бозид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






