ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МАҚОМОТИ ГУМРУК

Январь 19, 2011 16:27

   Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар» Марзия Саидова).- Ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 –солагии таъсисёбии мақомоти гумрук ва 15- солагии ташкилёбии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон 19 январ дар Душанбе таҳти унвони «Роҳҳои такмили фаъолияти мақомоти гумрук дар марҳилаи ҳозира» конфронси илмӣ -амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Нозимҷон Нидоев ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон /ДИТ/ ва Нуриддин Маҳмадов муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар бахши мақомоти гумрук, вазъи феълӣ ва дурнамои ин соҳа ибрози назар карданд.   Зикр шуд, ки ДИТ муассисаи олии таълимии ҷумҳурӣ буда, дар омода намудани мутахассисону кормандони бахши гумруки кишвар нақши назаррас дорад.     Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Н. Маҳмадов роҷеъ ба мавқеъи мақомоти гумруки кишвар дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, дурнамои фаъолияти он дар доираи манофеи миллӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фаъолияти мақомоти гумрук табодули назар кард. Мавсуф афзуд, ки санаду меъёрҳое, ки дар сохтори гумрукии кишвар таҳия ва қабул мегарданд, хусусияти байналмилалӣ доранд. Ба андешаи Н. Маҳмадов Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 дар давраи барои кишварамон ҳассос қабул шуд, ҷавобгӯи он солҳо буд. Баъд аз такмили он дар соли 2005 нақши Кодекс дар кори ба танзим даровардани сиёсати гумрукии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷавобгӯи система ва механизми байналмилалӣ гардонидани мақомоти гумруки ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамзамон, иштирокчиёни нишаст роҳҳои гуногуни рушди фаъолияти мақомоти гумруки мамлакат, татбиқи консепсияи мақомоти гумрук дар кишвар, таҷдиду азнавсозии инфрасохтори ин соҳа, омода кардани мутахассиони касбии ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи муосир дар асоси донишҳои нав, доир ба нақши гумрук ва тарифи гумрукӣ дар танзим ва таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи технологияҳо ва шабакаи ягонаи итилоотӣ дар мақомоти гумрукӣ, проблемаҳои ҷойдошта ва соири масъалаҳои марбут ба рушди соҳаро матраҳ карданд.   Ректори ДИТ афзуд, ки тамоми мавод ва пешниҳодҳо, ки дар конфронс ҷиҳати рушди мақомоти гумруки ҷумҳрӣ зикр гардиданд ба Хадаомти гумруки мамлакат пешниҳод мешаванд.

Январь 19, 2011 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд