ИМТИҲОНИ ХАТТӢ АЗ НОЗИРОНИ АНДОЗ

Январь 28, 2011 10:52

Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни дохилии хаттӣ барои кормандони Раёсат ва шӯъбаҳои назоратии мақомоти андоз баргузор гардид. Аз Кумитаи андоз ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки озмуни дохилии хаттӣ барои кормандони воҳидҳои сохтории  назоратии мақомоти андоз дар асоси бандҳои дахлдори Барномаи мустаҳкамкунии идораи захираҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд таҳия гардидааст, дар Раёсати ташкили назорати андоз, шӯъбаҳои назоратии андоз дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, шӯъбаи аудити нозироти андози андозсупорандагони калон доир шуд. Мақсад аз гузаронидани озмуни дохилии хаттӣ санҷиши сатҳи касбӣ ва мувофиқат намудани кормандони Раёсату шӯъбаҳои назоратии мақомоти андоз ба мансабҳои ишғолнамудаашон, инчунин дарёфти мутахассисони болаёқат ва муносиб барои баланд бардоштани самаранокии корҳои назоратии мақомоти андоз мебошад.  Дар ҷараёни озмун ба ҳар як довталаб оид ба соҳаҳои андоз, санҷишҳо, муҳосибот, мактубҳои дастурии Кумитаи андоз, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ва хизмати давлатӣ, дар маҷмӯъ шаш савол дода шуда, довталабон ба саволҳо ба таври хаттӣ ҷавоб навиштанд. Ҳамчунин,  дониши довталабон оид ба тартиби   истифодаи дурусти барномаҳои системаи иттилоотии андоз санҷида шуд.         Мавриди зикр аст, ки гузаронидани озмуни дохилии хаттӣ  имконияти воқеӣ фароҳам меорад, ки кормандони соҳиблаёқати шӯъбаҳои назоратии мақомоти андоз муайян гардида, дар ин замина санҷишҳои андоз ва корҳои назоратӣ  дар сатҳи касбӣ самаранок ва бебаҳс анҷом дода шаванд.

Январь 28, 2011 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад