ИНШООТИ ХУСУСИИ КӮЛОБ ФАЪОЛ НЕСТАНД

Январь 18, 2011 09:06

  Кӯлоб, 18 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар нишасти матбуотии шаҳри Кӯлоб бо иштироки хабарнигорони ВАО раиси шаҳри Кӯлоб аз вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳот дар як соли сипаригардида ба хабарнигорон маълумот дод. Аз ҷумла, зикр кард, ки дар соли 2010 иҷрои қисми даромади буҷаи маҳаллӣ 120 фоизро ташкил дода, ба ҷои 16 миллиону 482 ҳазору 952 сомонӣ 19 миллиону 587 ҳазору 701 сомонӣ маблағ ба буҷа ворид гардид. Ба гуфти ин манбаъ иҷрои сифати андозҳо дар ин давра назаррас буда, 15 сарчашмаи даромади нақша ба пуррагӣ ва сифатнок иҷро гардид.     Инчунин, дар рафти нишаст зикр гардид, ки кишоварзони деҳот дар соли сипаригардида дар майдони 4459 гектар ғалладонагӣ, 3194 га зироати техникӣ, 3169 га пахта, 673 га сабзавот, 95 га маҳсулоти полезӣ, 373 га хӯроки чорво, 46 гектар картошка кишт карданд.    Раиси шаҳр Ҳамид Абдуллоев аз тақдири иншооти хусусишуда, ки то ин муддат фаъолият надоранд, изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки соҳибмулкон то ҷашни 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти худро пурра ба кор дароранд.

Январь 18, 2011 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад