ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒИ МУҲОҶИРОН ЗИЁД ШУД
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо вуҷуди он ки конфронси матбуотӣ 20 дақиқа аз вақти муқаррарӣ дертар оғоз ёфт, вале саволу ҷавоби журналистон бо мутасаддиёни ташкилоту корхонаҳои шаҳри Ваҳдат ва рорҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи баланди касбӣ сурат гирифт. Маълум гардид, ки дар давоми соли 2010 аз тарафи ҳамаи ташкилоту корхонаҳо ба маблағи 33 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда аст. Аммо танҳо маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути бонкҳои шаҳри Ваҳдат аз хориҷи кишвар интиқол ёфтааст 447 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли 2009 85 млн. сомонӣ зиёд аст. Ба саволи хабарнигори АМИТ«Ховар» дар бораи он ки — Беҳтар нест, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дифо карда шуда, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд карда шавад, то ки ҳам маблағҳои калон ба даст ояду ҳам рӯзгори мардум беҳтар гардад? Раиси ноҳия Анвари Вайсиддин ҳаминро илова намуд, ки интиқоли маблағи муҳоҷирон ба ҳар як сокини ноҳия 1594 сомонӣ ва ба ҳар як хоҷагии аҳолӣ 11 ҳазору 933 сомонӣ рост меояд, ки он нисбат ба соли 2009 85 млн. сомонӣ зиёд аст. Боис ба ёдоварист, ки маблағи истеҳсол намудаи ҳамаи ташкилоту корхона ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар соли 2010 нисбат ба маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ 14 маротиба камтар аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид






