ИНТИҚОЛИ ПУЛ ДАР ЯК СОНИЯ
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). –«Сония» ягона системаи миллии интиқоли пул дар ҷумҳурӣ мебошад, ки онро мутахассисони ҶСК «Бонки Эсхата» коркард намудаанд ва шумораи мизоҷони он рӯз то рӯз афзун мегардад. Тавассути системаи «Сония» интиқоли пул дар як сония ба тамоми нуқтаҳои ҷумҳурӣ рафта мерасад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти бонки мазкур иттилоъ доданд, системаи интиқоли пули «Сония» бе кушодани суратҳисоб дар муқоиса бо дигар бонкҳои ҷумҳурӣ амал менамояд. Айни замон система дар тамоми бонк амал менамояд ва ҳамаи 113 нуқтаи интиқоли маблағи бонк ба ин система пайваст гардидаанд. Моҳияти асосии системаи мазкур тарофаи паст, расонидани кафолатнок ва роҳи осони фиристодани маблағ мебошад. Тибқи суханони манбаъ то 31 декабр ҳаҷми интиқоли маблағ тавассути системаи «Сония» зиёда аз 38,5 миллион сомонӣ ва шумораи интиқолдиҳандагон зиёда аз 19 ҳазорро ташкил дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






