ИРСОЛИ 31 ПАРВАНДАИ МАЪМУРӢ БА СУД БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Январь 25, 2011 14:55

   Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). –Ба иттилои Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ Додихудо Саймуддинов зимни нишасти матбуотӣ ташкили коргузорӣ ба забони давлатӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати омӯзиши забони давлатӣ барои кормандани ташкилоту муассисаҳо, ислоҳи лавҳаю овезаҳо ва навиштаҷоти ғайритоҷикӣ дар мағозаю тарабхона ва нуқтаҳои савдо аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ мутобиқи нақша дар ду давр силсилаи санҷишҳо анҷом дода шуд.     Ӯ яке аз омилҳои таҳияи ғалати матни лавҳаю овезаҳо, навиштаҷоти мағозаю тарабхонаҳо ва марказҳои савдоро ба таври пурра танзим нагардидани фаъолияти Агентиҳои реклама ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» арзёбӣ намуд.    Дар натиҷаи тафтиши гурӯҳҳои кории Кумита танҳо дар чор ноҳияи пойтахт номи 174 нуқтаи савдо ва марказҳои хизматрасонӣ мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» иваз карда шуд. Барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ба 76 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ огоҳӣ дода шуда, 31 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардид, тазаккур дод Додихудо Саймуддинов. 

Январь 25, 2011 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд