ИШТИРОКИ МАКТАББАЧАГОН ДАР СПАРТАКИАДА

Январь 31, 2011 17:10

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади тарғибу ташвиқи намудҳои мухталифи варзиш миёни  мактаббачагон, таҳкими дўстӣ, тарзи ҳаёти солим ва дарёфти варзишгарони умедбахш байни наврасон дар шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Табошар, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов марҳилаи дуввуми Спартакиадаи мактаббачагони вилояти Суғд аз рўи намудҳои тенниси рўи миз, баскетбол, волейбол, шоҳмот ва варзиши сабук баргузор гардид. Мавриди ёдоварист, ки марҳилаи аввали Спартакиада дар 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуда, дар онҳо 7850 нафар мактаббачагон иштирок намуданд. Марҳилаи дуюми Спартакиада дар 12 шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, дар он 356 нафар мактаббачагон ширкат варзиданд. Аз рўи натиҷаҳои марҳилаи дуюми Спартакиада дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд аз рўи 3 намуд, Б.Ғафуров аз рўи 4 намуд, Спитамен аз рўи 2 намуд, Конибодом аз рўи 2 намуд, Ҷ.Расулов аз рўи 3 намуд, Чкалов аз рўи 2 намуд, Табошар аз рўи 4 намуд, Мастчоҳ аз рўи 2 намуд, Истаравшан аз рўи 4 намуд, Ғончӣ аз рўи 1 намуд ва Шаҳристон аз рўи 1 намуд ғолибиятро ба даст оварда, барои иштирок дар қисми  ниҳоии Спартакиадаи мактаббачагони вилояти Суғд роҳхат гирифтанд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имрӯз, 31 январ дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд қисми  ниҳоии Спартакиадаи вилоятии мактаббачагони вилояти Суғд баргузор мегардад.

Январь 31, 2011 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд