ИСТЕҲСОЛИ 75 МЛН. ДОНА ТУХМ ДАР «МУРҒИ ҲИЛОЛ»
Файзобод, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Соли 2010 – ум барои мурғпарварони ноҳияи Файзобод соли бобарор буд. Тавре сармуҳосиби корхонаи Ҷамъияти ҶСК «Мурғи Ҳилол» Ғуломов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо кӯшиши роҳбарияти корхона кормандони корхонаи мазкур дар соли сипаригардида истеҳсоли тухмро ба 75 миллион дона расониданд. Дар ин комёбӣ тамоми кормандони соҳа, аз тухмчини оддӣ сар карда, то роҳбарони корхона ҳиссагузоранд. Махсусан зикри фаъолияти пурсамари мудири минтақаи истеҳсолии № 4 Ҳоким Назриев, роҳбари коргоҳи хӯрокӣ Мирзовалӣ Бадалиев, сардори бахши танзими обу корез Хайриддин Бобиев, мудири бахши техникӣ Ҳасан Файзуллоев, мурғбонон Комилҷонов, Меликова, Ҷонмаҳмадова ва Мирзоева бамаврид аст. Ғуломов изҳор дошт, ки ин корхона дар давраи шӯравӣ чун корхонаи истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ ҷои намоёнро ишғол намуда, сокинони кишварро бо тухму гӯшти фаровон таъмин менамуд. Заҳмати шабонарӯзии 500 нафар кормандони ин корхона аст, ки дар мӯҳлати начандон зиёд аллакай истеҳсоли гӯшту тухм қариб ба солҳои пешин баробар шудааст. Музди меҳнати коргарон ба ҳисоби миёна 532 сомониро ташкил медиҳад, ки ин албатта, ҳадди охирин нест.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






