ИСТЕҲСОЛИ АЛЮМИНИЯИ АВВАЛИЯ 10,4 ҲАЗОР ТОННА КАМ
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Дар соли 2010 дар доираи иҷрои «Барномаи дарозмуддати бунёди силсиланерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» дар ҷумҳурӣ 30 адад нерӯгоҳҳои хурд бо иқтидори аз 5 то 500 кВт ба истифода дода шуд, ки иқтидори умумиашон 2187 кВт-ро ташкил медиҳад» — иброз намуд Муовини вазири иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Саидраҳмон Назриев Ӯ афзуд, ки дар ин давра дар 16 кони нафту газ ва 9 кони ангишт истихроҷи маъдан идома ёфта, истихроҷи нафт бо конденсати газ дар соли 2010 ҳамагӣ 27150 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 фоиз иҷро шудааст. Истихроҷи гази табиӣ 21037 ҳазор м3-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 763 ҳазор м3 кам мебошад. Дар соли 2010-ум 9 корхонаи истеҳсоли ангишт фаъолияти пурсамар намуда, ба миқдори 200,1 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,5 ҳазор тонна зиёдтар истихроҷ шудааст. Бояд гуфт, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ки маҳсулоти истеҳсолкардаи он дар миқёси корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ 34,8 фоизро ташкил менамояд, дар соли 2010 –ум дар ҳаҷми 349 ҳазор тонна алюминийи аввалияро истеҳсол намуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 10,4 ҳазор тонна кам мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






