ИСТЕҲСОЛИ СЕМЕНТИ ХУДӢ АФЗУД

Январь 6, 2011 14:55

    Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). –Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон сол аз сол зиёд мегардад. Корхонаҳои нави истеҳсоли семент бунёд гардида, тавассути истеҳсоли ин масолеҳи сохтмонӣ тамоми бозорҳои дохилии кишвар бо сементи худӣ таъмин мегарданд.   Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, танҳо дар соли 2010 зиёда аз 288 ҳазор тонна семент истҳсол гардид, ки ин нисбат ба соли 2009 93,2 ҳазор тонна зиёд аст. Соли гузашта аз ин ҳисоб 260 ҳазор тоннаи он ба КВД «Тоҷиксемент» рост омад.   Айни замон дар ҷумҳурӣ марҳилаи замонавӣ гардонидани як қатор заводҳои истеҳсоли семент ҷараён дошта, раванди гузариш аз гази табиӣ ба ангишт идома дорад. То ин муддат аз шаш корхонаи истеҳсоли семент чор тоаш ба истифодаи ангишт гузаштаанд.   Тавре аз вазорат хабар доданд, айни замон сохтмони ду корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияҳои Варзобу Мастчоҳ босуръат идома дорад. 

Январь 6, 2011 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд