ИСТИФОДАИ НОДУРУСТИ ЗАМИН ДАР МЕҲРОБОДУ БӮСТОН

Январь 15, 2011 10:43

   Файзобод, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Ҳафтаи равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод ҷамъбасти соли сипаришудаи 2010 бо иштироки тамоми раисони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоату деҳот, пешқадамони истеҳсолот ва масъулини тамоми соҳаҳо баргузор гардид.    Дар ҷамъомад вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирок намуд. Раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов зимни баромад бурду бохти кормандони тамоми соҳаҳои ноҳияро баррасӣ намуда, аз фаъолияти пасти корхонаи «Шарбат» — и ҷамоати деҳоти Меҳробод, дуруст истифода набурдани заминҳои корами хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳоти Меҳрободу Бӯстон изҳори норозигӣ намуда, масъулини ин ҷамоатҳоро баҳри беҳтар намудани фаъолияташон даъват намуд.    Сипас миёни иштирокдорони ҷамъомад ва вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов пиромуни таъмин намудани соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузорӣ барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ, ташкил намудани парки техникӣ дар маркази ноҳия табодули афкор сурат гирифт.  

Январь 15, 2011 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад