ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ АЗ БЕФАЪОЛИЯТИИ КОРХОНАҲО
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов аз тамоман фаъолият накардани 3 корхона, пастравии нишондиҳандаҳои истеҳсолии 13 корхонаи саноатӣ дар соли сипаришуда ва камшавии содироти молу маҳсулот изҳори нигаронӣ карда, аз масъулини соҳа талаб намуд, ки вазъиятро пурра таҳлил намуда, барои пешрафти кор тадбирҳои судманд андешанд. Тавре аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар машварати кории 24 январ бо иштироки сардорони раёсатҳо, раисони кумитаҳо, мудирони шӯъбаю бахшҳо ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои мақомоти иҷроия баргузоргардида С. Мирхолиқов таваҷҷӯҳи роҳбарони сохторҳои самти иқтисодиро ба таҳлили воқеии натиҷаҳои соли гузашта, рафъи камбудию норасоиҳои соҳаҳои истеҳсолӣ, дарёфти имкониятҳои рушди иқтисодиёт, ҳаддалимкон кам кардани бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои Барномаҳои давлатӣ ҷалб намуд. Аз кумитаи заминсозӣ ва сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроия тақозо шуд, ки вазъи корро дар ширкатҳое, ки барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ қитъаи замин гирифтаанду вале то ҳол ба сохтмон оғоз накардаанд ва ё дар ин бобат ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд, дақиқан санҷанд ва ба амали онҳо баҳои қонунӣ диҳанд.Таъкид шуд, ки аз моҳи сентябри соли гузашта то ин муддат барои сохтмони манзил ба 817 оилаи эҳтиёҷманд қитъаи замин ҷудо шудааст, аммо ҳалли масъалаҳои марбут ба бунёди хатҳои коммуникатсионӣ, ҳамворкунии сатҳи замин, корҳои лоиҳакашӣ кашол меёбад. Содиқҷон Мирхолиқов давраи омодагӣ ба таҷлили сатҳи баланди ҷашни 20-солагии Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро марҳалаи муҳими сиёсӣ арёбӣ намуда, таъкид намуд, ки ҳар як рӯзи маъракаи дар саросари шаҳр доманпаҳнкардаи «400 рӯзи созандагию бунёдкорӣ ва ободонию кабудизоркунӣ — ба 20-солагии Истиқлолият» ба манфиати пешрафти кор, ободу зебо гардонидани ҳамаи мавзеъҳои Хуҷанд, бунёди иншооти хуштарҳи замонавӣ, чароғонкунӣ ва тозаю озода гардонидани маҳаллаю қасабаҳо самаранок истифода шаванд. Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ равнақ ёбанд, дар ин раванд тавассути рӯзнома, радиою телевизионҳо ва бо истифода аз ҷаласаю ҷамъомадҳои ҷомеаҳои меҳнатӣ ва бо баргузории мақсадноки Рӯзҳои ягонаи сиёсӣ дастовардҳои даврони Истиқлол, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ҳамаҷониба тарғиб гарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






