КӮДАКОН БА ТАҲСИЛУ ТАБОБАТ НИЁЗМАНДАНД

Январь 11, 2011 09:37

    Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар «Маркази таълими калонсолони Тоҷикисон» (МТКТ) бахши мониторинги меҳнати кӯдакон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (МОТ) бомуваффақият фаъолият менамояд, ки ҳадафи асосии он муайян намудан ва озод намудани кӯдакон аз меҳнати вазнини ҷисмонӣ мебошад,- иттилоъ доданд аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба мухбири АМИТ «Ховар».   Дар давоми соли 2010 аз ҷониби кормандони бахши мониторинги меҳнати кӯдакон бо 45 нафар кӯдакони ноболиғ доир ба масъалаҳои гуногун сӯҳбат гузаронида, 49 нафар кӯдакони камбизоат бо лавозимоти таълимӣ таъмин ва барои 35 нафар кӯдакон маблағи роҳкиро пардохт шудааст.    Кормандони бахши мазкур барои сафарбар намудани кӯдакон ба касбомӯзӣ дар муассисаҳои гуногун ва баргардонидани кӯдакони аз таҳсил фориғ ба мактаб корҳои зиёдро анҷом доданд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз ҷониби Марказ минбаъд ба кӯдакони барои табобат мӯҳтоҷ кӯмакҳои амалӣ расонида мешавад. 

Январь 11, 2011 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад