КОРГОҲҲОИ КОРКАРДИ МЕВАИ «ТОҶИКМАТЛУБОТ»

Январь 19, 2011 15:08

    Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Иттифоқи «Тоҷикматлубот» оид ба баланд бардоштани потенциали содиротии кишвар бо якчанд кишварҳо ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти хурди истеҳсолу коркарди меваю сабзавот гуфтушунид намуд.       Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки: «Чанде қабл мо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ворид намудани 3 адад таҷҳизоти коркарди мева, 3 адад таҷҳизоти бастабандии меваи хушк ва таҷҳизоти истеҳсолии болопӯши пашмин гуфтушунид доштем. Дар рӯзҳои наздик ин таҷҳизот дастрас шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт».     Роҷеъ ба омодагиҳо ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Валиев гуфт, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин санаи таърихӣ сохтмон ва таъмиру тармими зиёда аз 15 иншоотро ба нақша гирифтааст.  

Январь 19, 2011 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад