КОРХОНАҲОИ БЕКОР БА КӢ ДАРКОР ?

Январь 21, 2011 11:48

   Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳи декабри соли 2010 279 корхона дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ кор накард,- иброз доштанд дар Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».    Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз ҷумлаи корхонаҳои азкормонда дар вилояти Хатлон ҶММ «Консерва», «Нури Дилшод», КМ «Азот», ҶСШК «Шариф», «Орди Ғозималик», «Кӯҳандиз», дар вилояти Суғд ҶММ «Гулистон», «Бародар», ҶСК «Лаъл», ҶСП «Зуҳал», дар шаҳри Душанбе ҶММ «Шоҳона», «Строй — Вин», «39 параллел», «Хиштрез», «Авитсенна», «Рахш плюс», дар ВМКБ ҶСШК «Хуҷаназар», КМ «ВТ — Помир», ва боз даҳҳо корхонаҳо дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ваҳдат, Варзоб, Рашт дохил мешаванд.    Роҳбарони ин корхонаҳо таъкидҳои пайвастаро дар бораи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳ сохтани шароити кору зиндагии мардум фаромӯш кардаанд ва ё лаёқати ташкили корро дар ин корхонаҳо надоранд.    Саволи матраҳ он аст, ки бо маблағи зиёд сохтани корхона ва фаъолият накардани он ба кӣ даркор аст?      

Январь 21, 2011 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад