КОРХОНАҲОИ ПЕШСАФИ ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА САНОАТ
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маблаѓи истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар моҳҳои январ – декабри соли 2010 ба 1 млрд. 81 млн. сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 14 фоиз зиёд аст. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба 111 фоиз, кешбофӣ – 101, газвори пахтагин – 118 фоиз расида, дўзандагӣ 1,5 баробар зиёд шудааст. Дар айни замон корхонаҳои саноати абрешимӣ истеҳсоли маҳсулоташонро 70 фоиз кам карданд,- иброз доштанд дар Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз 148 корхонаи соҳа танҳо 66 фоизашон истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба сатҳи моҳҳои январ – декабри соли 2009 зиёд карда тавонистанд. Аз ҷумла: нахи пахта ба андозаи 104 фоиз, чигит – 100, калобаи пахтагин – 95, газвори пахтагин – 77 ва газвори абрешимӣ ба андозаи 66 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 зиёдтар истеҳсол гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






