КОРИ АНДОЗСИТОНҲОИ ФАЙЗОБОД НАЗАРРАС АСТ

Январь 27, 2011 11:11

 Файзобод, 27 январ. (АМИТ «Ховар», З. Давлатова). — Соли  2010  барои   кормандони   Кумитаи  андози ноҳияи Файзобод   чун  солҳои  пешин  соли бобарор  буд.  Кормандон иҷрои   нақшаи  солонаро  ба  андозаи  109,5  фоиз  таъмин  намуданд ва   ба  ҷои  9 миллиону 746 ҳазору 234  сомонӣ   ба буҷаи  ноҳия 10 миллиону 669 ҳазору 190  сомонӣ   маблағҳои  андоз  ворид  гардид, ки  нисбат ба  нақша 922 956  сомонӣ зиёд аст.   Нақшаи андози  иҷтимоӣ  дар  маҷмӯъ  бо  назардошти   хароҷот 119,7  фоиз  иҷро  гардид.     Соли гузашта   иҷрои  ҳамаи  намудҳои  андоз  дар  ноҳия  пурраю  барзиёд  иҷро  гардид   Нозироти  андози ноҳия  баҳри тадбиқи  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  тасдиқи  тартиби  додани  патент  ва  шаҳодатномаи соҳибкори  инфиродӣ  ба  шахсони  воқеие, ки  фаъолияти  соҳибкории  худро  бе таъсири  шахси  ҳуқуқӣ  анҷом  медиҳанд»   як  қатор  корҳоро  анҷом  дод. Дар  ин  давра  ба 537  нафар  соҳибкорон  патент ва  шаҳодатномаи  фаъолияти  соҳибкорӣ   дода шуд, ки  маблағи онҳо  аз  рӯи  патент,  андоз  аз  даромад, андоз  аз  фурӯши  чакана  ва  андози  иҷтимоӣ 621 471 сомониро  ташкил  дод.  Дар  ҳудуди  ноҳия 55 адад  машинаҳои  назорати  хазинавӣ дар  дӯконҳои  савдо   гузошта шудааст, ки  ҳамаи онҳо  дар  хизмати  аҳолӣ  қарор  доранд.  Ҳар  як  дастуру  супорише, ки  аз  ҷониби  Сарвари   давлат,  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  ва  нозироти андози  ҷумҳурӣ  ба  мо  вобастагӣ  дорад,    мо  кормандони  нозироти  андоз   онро  сари вақт иҷро менамоем, гуфт   зимни сӯҳбат  Ислом  Табаров,  сардори  шӯъбаи хизматрасонӣ ва  андозситонӣ  аз  шахсони  ҳуқуқии  ноҳияи  Файзобод.

Январь 27, 2011 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад