КУМИТАИ ҶАВОНОН ҶОЙИ КОРИИ ХОЛӢ ДОРАД
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲҶТ ҷиҳати таъмини соҳаҳои фаъолияти меҳнатӣ бо кадрҳои ихтисосманд, касбӣ, ташаббускор, дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои кор, пешравии касбии кормандон ва бо мақсади сари вақт ишғол намудани мансабҳои холигаштаи маъмурии хизмати давлатӣ, мукаммалгардонии ҳайати роҳбарикунанда, таъмини дастгоҳ, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система бо кормандони баландихтисос ва ташаббускор бо фармони раиси Кумита аз 15 январи соли 2010 комиссияи доимоамалкунанда оид ба ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ таъсис шудааст, иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов. Ӯ афзуд, ки дар давоми соли ҷорӣ шаш маротиба озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо 98 нафар довталаб иштирок карда, 58 нафари он ба кори доимӣ дар сохторҳои кумита қабул шуданд, ки 13 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар охир Маликшо Неъматов зикр намуд, ки Кумита 177 ҷавони бекорро дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ба Федератсияи Руссия барои корҳои мавсимӣ сафарбар намуд. Дар назди Биржаи меҳнатии ҷавонон маркази доимиамалкунандаи иттилоотӣ оид ба ҷойҳои кории холӣ фаъолият менамояд, ки он аз 933 ҷойи кори холии корхонаю муассисаҳо, аз ҷумла 220 ҷой дар хориҷи кишвар иборат буда, ин ҷойҳо ҳамарӯза ба саҳми корҷӯён пешниҳод мегарданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






