КВД «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 58 ВАГОНИ НАВ ХАРИД
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева) — Дар соли 2010-ум 593,8 ҳазор мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 112,6 ҳазор мусофир камтар аст. Сабаби асосии камшавии мусофиркашонӣ дар камшавии шумораи мусофирон дар минтақаи транзитӣ ва беҳтар шудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд тавассути нақби Истиқлол мебошад, чунин гуфт дар нишасти матбуотии ҷамъбасти солонаи 2010 сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло. Мусофиркашонии транзитӣ 900 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 81,4 ҳазор мусофир кам мебошад, ки сабаби он дар қатъи ҳаракати қатораҳои мусофирбари «Бухоро-Андиҷон» ва «Тошканд-Андиҷон» аз ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Дар ин муддат 59 вагони боркашу 14 вагони мусофирбар ва 1 локомотив аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар давоми сол 58 вагони боркаши нав харида шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






