ЛАЁҚАТМАНДҲО ДАР ЧКАЛОВ ЗИЁДАНД
Чкалов, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Мирзоалӣ Амонов). – Аз мактаби президентии воқеъ дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд 76 нафар довталабон — хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11 дар 11 фан бо ҳамсолони худ аз мактабҳои президентии минтақаҳои дигари мамлакат қувваозмоӣ намуданд. Дар даври сеюми минтақавии олимпиадаи хонандагон, ки 2 рӯз идома ёфт, масъулини Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Аз рӯи натиҷаҳои олимпиада хонандагони мактаби президентии шаҳри Чкалов дар қатори дигар фанҳо аз фанҳои табиию гуманитарӣ, химияю биология, математика ва физика дониши баланд нишон доданд. Ҳайати ҳакамон, ки шомили профессорону муаллимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст, ба он ақидаанд, ки миёни иштирокдорони олимпиада хонандагони болаёқате ҳастанд, ки метавонанд дар олимпиадаҳои минтақавию байналхалқӣ бо ҳамсолони хориҷии худ бо донишу маҳорати хуб рақобат намоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






