МАҲДУДИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР ДОИРАИ 1 СОЗИШНОМА
Душанбе, 14 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Ҷумҳурии Кореяро дар интихоб гардидани Пан Ги Мун ба ҳайси Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, баргузор гардидани бозиҳои олимпии Осиёӣ дар соли 2014 дар шаҳри Сеул ва намоишгоҳи «ЭКСПО-2012» дар Ҷумҳурии Кореяро ҳамаҷониба пуштибонӣ кардааст», иброз дошт зимни мулоқоташ Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо кордори сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ро Сунг Мин. Шукурҷон Зуҳуров ба равобити ҳасанаи Тоҷикистону Корея дар асоси санад ва созишномаҳои ба имзорасида ишора намуда, таъкид кард, ки мутаассифона, ҳамкориҳои мо дар асоси танҳо як Созишнома — «Созишнома байни Чумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар бораи ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи маблағгузориҳо» маҳдуд шудааст, ки ба рушди муносибатҳои ҳар ду кишвар заминаи хуб фароҳам оварда наметавонад. Имрӯз вақти он расидааст, ки байни ҳар ду давлат санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои туризм ва кишоварзӣ барои имзо ба масъулини ҳукумати ҳар ду кишвар пешниҳод шаванд, афзуд Шукурҷон Зуҳуров.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






