МАҶМААИ ЗАМОНАВӢ ДАР ШАФАТИ «СУЛТОНИ КАБИР»
Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар пойтахт хишти нахустини маҷмааи варзишӣ бо ҳавзи шиноварӣ дар қисмати ҷанубу шарқии бозори «Султони Кабир», воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев дар масоҳати 1,32 га ва комплекси мӯҳташами варзишии замонавӣ ҳамчун идомаи сохтмони марҳилаи дуюми КВД «Маркази равобити пойтахт» гузошта мешавад. Ин матлаб дар нахустин ҷаласаи шаҳрдории Душанбе дар соли равон, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, зикр гардид. Раиси шаҳр ба масъулини соҳа супориш дод, ки дар ин самт суръати корҳои лоиҳакаширо вусъат диҳанд. Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи сохторҳои шаҳрӣ ва кулли иштирокдорони ҷаласаро ҷиҳати татбиқи дастурҳои Президенти кишвар Э.Раҳмон дар мулоқот бо варзишгарон ҷалб намуда, ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






