МАБЛАҒҲОИ БУҶА БАҲРИ РУШДИ ИҚТИСОД

Январь 18, 2011 16:37

    Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- «Иҷрои буҷети давлатӣ дар сатҳи 100,3 фоиз таъмин гардида, ба он 6,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2009 ба маблағи 1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад, иброз дошт зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.    Вай афзуд, ки буҷети ҷумҳуриявӣ бо сабаби иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 4,7 фоиз таъмин нагардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 159 миллион сомонӣ кам мебошад.    Ҳарчанд иҷрои буҷети давлатӣ таъмин гардид, аммо бо сабаби зикршуда нақшаи даромад аз рӯи чор намуди андоз иҷро нагардид. Дар ин давра бақияпулиҳои андозӣ нисбат ба аввали сол ба маблағи 72 миллион сомонӣ зиёд гардида, ҳаҷми онҳо то ҳолати 1 январи соли ҷорӣ ба 688 миллион сомонӣ расид, тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.   Ҳамчунин, зикр гардид, ки соли ҷорӣ қисми даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 8 миллиарду 292 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба буҷети соли 2010-ум 27 фоиз зиёд мебошад.   Аз буҷети имсола 32 фоизи маблағҳо барои рушди иқтисоди воқеӣ ва сохтмони иншооти стратегӣ, аз ҷумла барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои мошингард ва нақбҳо равона мешавад.

Январь 18, 2011 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд