«МАЛИКАИ БАРФИН» ДАР САФАР

Январь 4, 2011 16:05

    Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Ҳайати эҷодии театри давлатии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назарови вилояти Суғд санаи 26 декабри соли 2010 намоишномаи нави «Маликаи барфин» — ро чун тӯҳфаи солинавӣ ба мухлисони хеш тақдим намуд.    Ин асар дар заминаи афсонаи олмонӣ дар коркарди балетмейстерон Шаҳло Ҷалилова ва Елена Вендел ба саҳна гузошта шуда, дар он тамоми ҳунарпешаҳои навраси театр нақш мебозанд. Саҳнаҳоро рассоми театр Матлуба Каримова ороиш додааст.    Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мо иттилоъ доданд, ки намоишнома то санаи 18 январ ҳамарӯза се маротиба дар бинои театр пешкаши мухлисон мегардад ва баъдан ҳунармандони театр бо намоишномаи мазкур ба шаҳру ноҳияҳои Исфараву Конибодом, Истаравшан, Ашт, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ба сафари ҳунарӣ мебароянд.  

Январь 4, 2011 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад