МАРҲИЛАИ ПАҲНКУНИИ МАЪЛУМОТ ОҒОЗ ЁФТ

Январь 14, 2011 12:20

    Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Бахтия Муҳаммадиева, ҷараёни қабули маводи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз мақомоти маҳаллии омор дар кишвар ҷараён дошта, коркарди сканерии маълумот оғоз гардидааст, ки он марҳилаи сеюми ин чорабинии муҳими давлатиро (аз октябр – декабри соли 2010 то семоҳаи аввали соли 2013) дар бар мегирад. Ҳоло коркарди сканерии маълумоти ба даст омада оғоз гардидааст ва то имрўз маводи барўйхатгирии аҳолии ноҳияҳои Рашт, Роғун, Тавилдара, Нуробод, Тоҷикобод ва Турсунзода аз ҷараёни сканеркунонӣ пурра гузаронида шудаанд.    Ба гуфти Б. Муҳаммадиева, давраи коркарди маводи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз 6 навбат иборат мебошад. Нашри ҷамъбасти аввалини барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар моҳҳои апрел – майи соли 2011 ба нақша гирифта шудаааст. Ҷамъбасти хотимавии барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил марҳила ба марҳила то семоҳаи якуми соли 2013 идома меёбад.  

Январь 14, 2011 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад