МАРКАЗИ НАВИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МАЛАКА

Январь 14, 2011 13:45

   Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Тибқи Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи татбиқи он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, №503 тасдиқ шудааст, ҷиҳати боз ҳам мукаммал гардонидани соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тақвиятбахшӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагии эҳтиёҷмандон, рушди шакли алтернативии хизматрасонӣ (марказҳои нави будубоши рўзона) амалӣ шуда истодаанд.    Аз шуъбаи робитаҳои байналмилали ва ҷамиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳоли ва муҳоҷирати вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имрўз дар миқёси ҷумҳурӣ 14 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва будубоши рўзона ва 35 шўъбаи хизматрасонии иҷтимоии хонагии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амал намуда, ба ниёзмандон зиёда аз 20 намуди хизматрасониҳои иҷтимоӣ, иҷтимоӣ-равонӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ–тиббӣ, нақлиётӣ, санитарию гигиенӣ, миёнаравию намояндагӣ, маслиҳатӣ мерасонанд, ки дар ин муассисаҳо 520 нафар мутахассисон кору фаъолият доранд.  Мавриди зикр аст, ки намунаи беҳтарини хизматрасонӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар маркази будубоши рўзона барои пиронсолон ва маъюбони «Умед»-и ноҳияи Ёвон ба роҳ монда шудааст. Марказ ба эҳтёҷмандон нўҳ намуди хизматрасониҳоро пешниҳод менамояд, ки қобили қабул ва бозгўи талаботи стандартҳои муайяншуда мебошанд.   Инчунин, аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии «Каритас»-и Тоҷикистон дар базаи Маркази таълими калонсолон Маркази иҷтимоиву омўзишӣ таъсис шудааст, ки ба 60 нафар мизоҷони эҳтиёҷманд хизматҳои санитариву гигиенӣ (шустушўи бадан, либос, дарзмолкунӣ, сартарошӣ), маслиҳати ҳуқуқӣ ва муоширатӣ расонида, дар баробари ин касбомўзон малакаҳои кориашонро афзун мегардонанд.     

Январь 14, 2011 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд