МАРКАЗИ ВАРЗИШӢ ДАР ДАШН
Хоруғ, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар деҳаи Дашни ноҳияи Ишкошим бунёди Маркази варзишии ҷавонон оғоз гардид. Маблағгузории сохтмонро 20 нафар соҳибкори маҳал ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба ӯҳда гирифтанд. Марказ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, дар ин ҷо намудҳои гуногуни варзиш ба дӯстдорони варзиш омӯзонида мешаванд. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, Маркази варзишии ҷавонон то ҷашни 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






