«МАРЗИЧ» — НЕРӮГОҲИ ХУРДИ ПУРИҚТИДОР

Январь 7, 2011 14:53

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон боз шаш нерӯгоҳи барқии хурд  сохта  мешавад. Танҳо  дар охири моҳи январ се нерӯгоҳи нави хурд дар ноҳияҳои Рашт, Балҷувон ва Турсунзода ба истифода дода мешаванд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ШСХК «Барқи Тоҷик» иттилоъ доданд, ҳамаи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби  ширкати  холдингӣ буда, маблағгузорӣ аз ҳисоби Бонки Рушди Исломӣ  мебошад.    Тибқи суханони манбаъ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ   сохтмони боз се нерӯгоҳи хурди иқтидораш пурзӯр: «Марзич»-и  Айнӣ, «Питавқул»-и Ҷиргатол ва «Тоҷ»-и Шахринав дар назар аст. Аз ҳама нерӯгоҳи пуриқтидор нерӯгоҳи барқи обии «Марзич» ба шумор меравад, ки иқтидори он 4 МВт-ро ташкил медиҳад.    Аз ШСХК «Барқи Тоҷик» хабар доданд, ки то охири соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои ширкати холдингӣ боз чор НБО-и хурд сохта мешавад. Айни замон лоиҳаи ин нерӯгоҳҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дорад.

Январь 7, 2011 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд