МАШВАРАТИ ВАРЗИШӢ
Чкалов, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Мирзоалӣ Амонов). – Дар литсейи № 1 – и шаҳри Чкалов машварати муаллимон ва мураббиёни тарбияи ҷисмонию варзишии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар машварати муаллимони тарбияи ҷисмонии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари такмили усулҳои таълим, баланд бардоштани сатҳу сифати дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, ба меъёру талабот мувофиқ намудани майдону толорҳои варзишии мактабҳо, мустаҳкам намудани асосҳои моддӣ — техникии онҳо, аз ҷумла, муҷаҳҳаз намудани майдону толорҳо бо лавозимоти варзишӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳоду тавсияҳои судманд баён шуд. Дар машварат собиқадорони соҳаи варзиши шаҳр низ ширкат варзиданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






