МАСТӢ БАРАД БА ПАСТӢ
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони ШКД-и ноҳияи Панҷакент дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ёрии ноҳияи Панҷакент Даврон Субҳоновро дастгир намуданд. Тавре аз дафтари матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, номбурда рӯзи 9 январи соли ҷорӣ дар кӯчаи марказии ноҳияи мазкур бо шаҳрванд Ҷасур Маҳмуродов, ки ҳарду дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, муноқиша намуд. Дар натиҷа Даврон Субҳонов тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, Ҷ. Маҳмудовро лату кӯб карда, сипас бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қафаси синааш ва навбати дигар ба гурдаи тарафи рости номбурда мезанад. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷакент бистарӣ гардид. Оид ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






