МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙНРО ҶАВОНОН МУАЙЯН МЕКУНАНД
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд намояндагони ҷавонони шаҳр ҷамъомад гузаронида, дар атрофи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карданд. Мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов, мудири шӯъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва робита бо иттиҳодияҳои ҷамъиятиву сиёсии дастгоҳи раиси шаҳр Абдурауф Дадобоев, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзоғанӣ Валиев оид ба моҳияти нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳими дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва тарбиявӣ сухан гуфтанд. Тавре сайти расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, лоиҳаи Қонуни мазкур аз тарафи иштироккунандагон комилан дастгирӣ гардида, якчанд таклифу пешниҳод иброз шуданд. Аз ҷумла, донишҷӯи бахши якуми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Дилшод Бобоев ба моддаи 3-и Қонун илова намудани калимаи “мавсимӣ”-ро пешниҳод намуд. Аз тарафи сарвари Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии бачагону наврасони № 1” Хуршед Ҳомидов пешниҳод гардид, ки дар моддаи 12-и лоиҳаи Қонун ба ҷавобгарӣ кашидани падару модароне, ки ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ҳамин қонунро амалӣ намекунанд, мушаххас баён шавад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






