«МАВЪИЗАҲО» БАРОИ ИМОМХАТИБОН

Январь 11, 2011 15:21

  Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Китоби «Мавъизаҳо»-ро Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои имомхатибони кишвар ва ҷиҳати ҷилавгирӣ аз баёни тунди рӯҳониён, ки зимни мавъизаҳояшон ироа мекунанд, омодаи чоп намудааст.   Абдураҳим Холиқов, Раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Хукумати ҷумҳурӣ зимни шарҳи ин масъала дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки китоби «Мавъизаҳо» дар ҳаҷми 140 саҳифаи компютерӣ омодаи нашр шудааст, ки он 52 мавзӯъро дар бар гирифта, дар асоси сарчашмаю арзишҳои исломӣ таҳия гардидааст. Бо мақсади таҳияи мавъизаҳои намози ҷумъа аз шумори устодони Донишкадаи Исломии Тоҷикистон, Маркази Исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, афзуд А. Холиқов. Мавсуф аз вазъи ироаи мавъизаҳои бархе аз рӯҳониёни кишвар изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки иддае аз рӯҳониёни шинохтаи кишвар зимни мавъизаҳои худ ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ дода, дар ҷомеа ҳисси нафрату бадбинӣ, хусумату ҷаҳолат ва иғворо барангехта, фазои динии кишварро халалдор месозанд. «Кор то ҷое расидааст, ки имомхатиб фарқ байни ҳадиси саҳеҳ ва мавзӯъ намекунад. Аз минбари баланд баромада аз ҳадиси мавзӯъ гап мезанад», гуфт А. Холиқов. Дар ин маврид Кумитаи дин сохтори масъул аст, ки пеши роҳи чунин рӯҳониёнро гирад.  Аз ин рӯ, Кумитаи дин тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар ин самт тамоми имкониятҳо ва арзишҳои миллиеро, ки дар ислом вуҷуд доранд, истифода намуда дифоъ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бахусус занону модарон намояд то онҳо дар зиндагӣ сазовори мақоми арзанда бошанд.

Январь 11, 2011 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад